Шиносоии бевоситаи вазири корҳои дохилӣ бо вазъ дар Исфара

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимов имрӯз аз шаҳри Исфара боздид намуда, бевосита бо вазъи мавҷуда дар марзи Тоҷикисиону Қирғизистон аз наздик ошно мегардад. Дар маъмурияти шаҳри Исфара роҷеъ ба доир гардидани мулоқоти Рамазон Раҳимов бо мақомоти раҳбарии ВКД Қирғизистон дар маҳалли ҳодиса маълумоти мушаххас дода натавонистанд. «Зимни боздид аз Исфара вазир бо […]

Аваз Юлдошев


Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимов имрӯз аз шаҳри Исфара боздид намуда, бевосита бо вазъи мавҷуда дар марзи Тоҷикисиону Қирғизистон аз наздик ошно мегардад.

Дар маъмурияти шаҳри Исфара роҷеъ ба доир гардидани мулоқоти Рамазон Раҳимов бо мақомоти раҳбарии ВКД Қирғизистон дар маҳалли ҳодиса маълумоти мушаххас дода натавонистанд. «Зимни боздид аз Исфара вазир бо раҳбарият, ҳайати шахсии мақомоти милиса ва намояндагони аҳли ҷомеаи шаҳр вохӯриҳо анҷом хоҳад дод», – иброз дошт як манбаъ аз маъмурияти шаҳри Исфара.

Ёдрас мекунем, ки роҳи мошингарди Исфара – Ворух, ки рӯзи 18-уми декабр аз ҷониби сокинони мавзеи Оқсойи кишвари ҳамсояи Қирғизистон баста шуда буд,

то ҳанӯз боз нашудааст.

Аз гуфтушунидҳои мақомоти раҳбарии шаҳри Исфара ва вилояти Суғд бо намояндагони ҳукумати вилояти Ботканд ва муовини нахуствазири Қирғизистон Токон Мамитов бобати боз кардани роҳи мошингарди Исфара-Ворух ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...