Боздошти сокини Ҳамадонӣ бо ҳудуди 44 кило маводи мухаддир

Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи кормандони мақомоти милисаи пойтахт миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддирро мусодира намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини ноҳияи Ҳамадонии ҳаммарз бо Афғонистон Муҳриддин Насриддинови 26-сола боздошт шудааст. «Ҳангоми кофтукови борхалтаи дар дасташ будаи боздоштшуда аз дохили он 22 кг 176 […]

ASIA-Plus


Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи кормандони мақомоти милисаи пойтахт миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини ноҳияи Ҳамадонии ҳаммарз бо Афғонистон Муҳриддин Насриддинови 26-сола боздошт шудааст.

«Ҳангоми кофтукови борхалтаи дар дасташ будаи боздоштшуда аз дохили он 22 кг 176 грамм маводи нашъадори сахттаъсири «героин», 12 кг 792 грамм маводи нашъадори «афюн» ва 8 кг 856 грамм маводи нашъадори навъи «ҳашиш», ҷамъ ба миқдори 43 килою 924 грамм маводи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд», – омадааст дар хабари ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...