Дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати Расул Амонулло, писари 16-солаи роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло ва сокини 21-солаи пойтахт Умар Шарифов, ки дар рух додани садамаи нақлиёти ҷони се нафарро рабуда гумонбар дониста мешаванд, идома дорад.
Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Ҷалолиддин Садриддинов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тафтиши парвандаи мазкурр муфаттишон ба наздикӣ ба итмом расонида, ба суд ирсол мекунанд ва ҳардуи гумонбаршудагон назди суд ҷавоб хоҳанд гуфт. «То кадом андоза гунаҳкор будани Расули Амонулло ва Умар Шарифов дар рух додани садамаро суд муайян мекунад», – иброз дошт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки аввали ҳамин моҳ дар робита ба ин қазия бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар асоси санади ВКД ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳамсари сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло барои риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» ба маблағи 120 сомонӣ
ҷарима шуд.
Номи роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон ахиран дар сархати расонаҳо қарор дорад. Аввали моҳи октябр бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор дар хиёбони Рӯдакии пойтахт се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд. Дар ин садама автомашинаи тамғаи «БМВ» таҳти идораи Расул Амонуллои 16-сола, писари Амонулло Ҳукуматулло суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд намуда, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21-014 бархӯрд.
Аз рӯи далели ин садамаи фоҷеабор мутобиқи моддаи 212, қ. 3 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дар он ҳукми аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.
Нисбати иштирокчии дигари ин садама, сокини 21-солаи шаҳри Душанбе Умедҷон Шарифов низ мутобиқи моддаи 212, қ 3-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шарифов қаблан аз рӯи моддаи 237, қ. 2-и КҶ ҶТ (Авбошӣ) маҳкум шуда буд.



