Даъвати Аслов аз ИМА оид ба сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон


Рӯзи 20-уми декабри соли 2013 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотт баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати густариши робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва инчунин ҷалби сармояи ИМА-ро ба самтҳои авлавиятноки иқтисодиёти кишвар қайд намуд.

Сафири ИМА Сироҷидин Асловро ба муносибати таъин шудан ба мақоми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, орзуҳои некро дар ҷодаи наву пурмасъул таманно кард. Сюзан Эллиотт сатҳи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА-ро баланд арзёбӣ намуда, нуқтаи назари Вазири корҳои хориҷиро оид ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар ҷонибдорӣ кард.

Мусоҳибон инчунин амнияти минтақавӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА-ро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ муҳокима намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное