Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир гардида, дар он масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба чанде аз қонунҳои ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тағйироту иловаҳои пешниҳодушда ба қонунҳо «Дар бораи суғуртаи тиббӣ», «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013» ва Кодекси ҷинятии кишвар ҷиҳати омӯзиш ба кумита ва комиссияҳои дахлдори МНМО ҶТ ирсол гардиданд.



