М.Қосимов: Мо ба амалисозии нақшаҳои З.Саидов идома медиҳем

Узви гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав» Маҳмудҷон Қосимов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки онҳо ба амалисозии нақшаҳои Зайд Саидов оид ба таъсиси ҳизби сиёсӣ идома мебахшанд. «Дар яке аз ҷаласаҳои судӣ Зайд Саидов изҳор кард, ки дар куҷое қарор надошта бошад, ба кори худ идома медиҳад ва ин даъват […]

Меҳрангез Турсунзода


Узви гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав» Маҳмудҷон Қосимов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки онҳо ба амалисозии нақшаҳои Зайд Саидов оид ба таъсиси ҳизби сиёсӣ идома мебахшанд.

«Дар яке аз ҷаласаҳои судӣ Зайд Саидов изҳор кард, ки дар куҷое қарор надошта бошад, ба кори худ идома медиҳад ва ин даъват аз мо, аз ҳамфикронаш буд. Ин маънои онро дорад, ки мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки ба таври қонунӣ тибқи ҳуқуқҳои конститутсионии худ ин ҳизбро таъсис диҳем», – гуфт ҳуқуқшинос.

Дар робита ба ҳукми суд М.Қосимов чунин ибрози андеша намуд: «Мисли аксарият ман ҳам дар шигифтам ва ягона чизе, ки гуфта метавонам, ин як худсарӣ аст. Далелҳои кофии айбдории Саидов ҷамъоварӣ нашуда, баръакс далелҳои бегуноҳии ӯ зиёд буданд».

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, мардуми хеле зиёд дар дохил ва хориҷи кишвар бо Зайд Саидов аз наздик шиносанду фаъолият ва ҳосили кори ӯро ба хубӣ медонанд. «Бо вуҷуди хеле сангин будани ҳукми суд, эътимоди мардум нисбати шахсияти Зайд Саидов коста нахоҳад шуд», – афзуд номбурда.

Соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба муҳлати

26 соли маҳрумият аз озодӣ

бо мусодираи молу мулк маҳкум шуд. Ӯ дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид адои ҷазо карда, то ба марҳилаи иҷро расидани ҳукмаш дар тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ нигаҳдорӣ мешавад.

Зайд Саидов аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 139 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.