Тоҷикистон 76 шаҳрванди Покистонро истирдод намуд

Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон барои риоя накардани тартиби будубош дар кишвар нисбати 116 нафар шаҳрвандони Покистон санади ҳуқӯквайронкунии маъмурӣ тартиб доданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ хабар дод. Ба иттилои манбаъ, дар ин давра 76 нафар шаҳрвандони Покистон барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати […]

ASIA-Plus


Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон барои риоя накардани тартиби будубош дар кишвар нисбати 116 нафар шаҳрвандони Покистон санади ҳуқӯквайронкунии маъмурӣ тартиб доданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра 76 нафар шаҳрвандони Покистон барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати Тоҷикистон аз кишвар хориҷ карда шудаанд.

Манбаъ хотиррасон намуд, ки дар ин давра ҳамчунин нисбати 767 нафар шаҳрвандони хориҷӣ санадҳо дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 177 санад зиёдтар аст.

«Тӯли 11 моҳи соли равон бо қарори судҳои дахлдор 438 шаҳрванди хориҷӣ аз қаламрави кишвар истирдод карда шуданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 74 нафар бештар мебошад», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе. Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим баррасӣ шуд

Дирӯз, 25-уми май дар Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст,...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.