Нишастҳои хабарии вазорату идораҳо каме дертар баргузор мешаванд

Нишастҳои хабарии солонаи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ на чун маъмулан даҳаи аввали моҳи январ, балки аз нимаи ҳамин моҳ оғоз мегарданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, сабаби аслии каме дертар оғоз гардидани нишастҳои хабарӣ дар он аст, ки пас аз баргузории маъракаи интихоботи президент дар […]

Аваз Юлдошев


Нишастҳои хабарии солонаи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ на чун маъмулан даҳаи аввали моҳи январ, балки аз нимаи ҳамин моҳ оғоз мегарданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, сабаби аслии каме дертар оғоз гардидани нишастҳои хабарӣ дар он аст, ки пас аз баргузории маъракаи интихоботи президент дар кишвар дар сохтори ҳукумат як қатор тағйиротҳо ба амал омаданд.

«Масалан, чанде аз вазорату идораҳо барҳам ё муттаҳид карда шуда, якчанд вазорату идораҳои нав таъсис ёфтанд ва барои роҳбарони онҳо ҷиҳати вохӯрӣ бо намояндагони васоити ахбори умум ва посухи муфассал ба саволҳои онҳо омодагии ҳамаҷониба мебояд гирифт», – иброз дошт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд. Дар супориши мазкур зикр гардидаааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.