Ҳавопаймои МА-60-и истеҳсоли Чин, ки ахири соли 2011 аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» харида шуда буд, ба кишвари ҳамсояи Афғонистон ба лизинг дода шуд.
Аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин маврид иттилоъ доданд, ки пас аз таъмир тасмим гирифта шудааст, ки ҳавопаймо ба лизинг супурда шавад.
Қарори мазкури раҳбарияти ширкатро дар ҳукумат шарҳ надоданд, вале аз худи ширкат тавзеҳ доданд, ки ин ҷо сари истифодаи муштараки ҳавопаймо бо ширкати ҳавопаймоии афғонии East Horizon Airlines ба муҳлати як сол сухан меравад.
«Ин моҳ хатсайри ҳавоии Душанбе-Кобул-Исломобод ифтитоҳ гардида, парвоз аз Душанбе то Кобулро «Тоҷик Эйр» ва аз Кобул то Исломободро ширкати афғонии East Horizon Airlines таъмин мекунад ва ҳамаи ҳайати сарнишинони ҳавопаймо мутахассисони ширкати тоҷикистонӣ мебошанд», – гуфтанд дар ширкат.
Зимнан зикр гардид, ки ин тасмим бо мақсади истифодаи пурсамари ҳавопаймо рӯйи кор омада, ширкати тоҷикистонӣ то ҳанӯз ба ширкати истеҳсолкунандаи ҳавопаймои МА-60 пардохтҳои лизингӣ анҷом медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти хабарии ахири моҳи июли соли гузашта сардори Раёсати ҳавопаймоии граждании Вазорати нақлиёти ҶТ Алишер Рустамов изҳор карда буд, ки истифодаи ҳавопаймоии МА-60-и истеҳсоли Чин дар қаламрави Тоҷикистон
муваққатан боздошта шудааст
. Ба қавли ӯ, ду ҳафта қабл дар фурудгоҳи пойтахт ин навъи ҳавопаймо ногаҳон ба замин «фурӯравӣ»-ро оғоз намудааст.



