Вазорати энергетика: «Сангтӯда-2» аз фаъолият бозмонд

Барои анҷом додани корҳои таъмиру омодагӣ нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» фаъоляти худро қатъ намуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар дода, зикр карданд, ки қатъи кори нерӯгоҳ пешакӣ мувофиқа нашуда, муваққатан аз фаъолият бозмондани нерӯгоҳ ба масъалаи қарзи «Барқи тоҷик» ба он муносибат надорад. «Маҳз дар кадом сана ба […]

Заррина Эргашева


Барои анҷом додани корҳои таъмиру омодагӣ нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» фаъоляти худро қатъ намуд.

Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар дода, зикр карданд, ки қатъи кори нерӯгоҳ пешакӣ мувофиқа нашуда, муваққатан аз фаъолият бозмондани нерӯгоҳ ба масъалаи қарзи «Барқи тоҷик» ба он муносибат надорад.

«Маҳз дар кадом сана ба итмом расидани корҳои таъмиру омодагӣ номаълум буда, вале нерӯгоҳ ҳатман фаъолият хоҳад кард», – гуфтанд дар вазорат.

Қаблан аз фаъолият бозмондани нерӯгоҳро на дар Вазорати энергетикаву на дар

ширкати «Барқи тоҷик»

ва на дар худи нерӯгоҳ шарҳ надоданд.

Бино ба иттилои як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ, фаъолияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» аз нимаи моҳи декабр қатъ шудааст, аммо сабаби аслии онро дар ҳукумат шарҳ намедиҳанд ва аз замони дубора барқарор шудани фаъоляти он низ огаҳӣ надоранд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки қарзи Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» имрӯз аллакай ба 133 млн. сомонӣ (27,8 млн. $) расида, дар баробари нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» раҳбарияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» низ аз ширкати «Барқи тоҷик» тақозо намуд, ки қарзро тадриҷан пардохт кунад, вагарна нерӯгоҳ аз низоми ягонаи энергетикии Тоҷикистон ҷудо гардида, фаъолияти худро

қатъ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.