Қотилони муҳоҷири тоҷик дар Чита то ҳанӯз дарёфт нашудаанд

Date:


Ба муфаттишони кишвари Забайкалйеи Русия то ҳанӯз муяссар нашуд, ки гумонбарони қатли муҳоҷири кории тоҷик дар Чита рӯзи 2-юми январро муайян созанд.

Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, дар муайян кардани гумонбарони ин ҳодиса муфаттишон аз аҳолии кишвари Забайкалйе кумак дархост намуда, бо гарави ифшо накардани ному насаб хоҳиш  кардаанд, ки дар сурати ягон маълумоте доштан дар ин бора бо телефонҳои 8(3022) 32-09-71 ё 02 занг зананд.

Зикр мегардад, ки дар давраи сипаришуда муфаттишон ва кормандони фаврии мақомоти пулис ҷиҳати муайян кардани гумонбарони ин ҷиноят чорабиниҳои зиёди тафтишотӣ анҷом додаанд.

«Муфаттишон тамоми ҷузъиёти ҷойи ҳодисаро таҳқиқ намуда, тирҳоро мусодира ва ба тамоми чизҳову ашёи аз ҷойи ҳодиса мусодирашуда ташхисҳои судӣ таъин карданд, аммо то ҳанӯз муайян кардани шахсияти гумонбарон ва шоҳидони содир шудани ҷиноят муяссар нагардид», – иттилоъ медиҳад пулиси кишвари Забайкалйе.

Ёдрас мекунем, ки

рӯзи 2-юми январи соли равон

дар шаҳри Читаи Русия як муҳоҷири кории тоҷик бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...