Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ташриф оварда, навбати аввали онро бо иқтидори 50 мегаватт/соат нерӯи барқ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки иншооти мазкур барои ҷумҳурӣ муҳим буда, сокинони пойтахтро бо ин рӯйдоди фараҳбахш самимона табрик намуд. Президенти мамлакат ба муҳандисон, бинокорон ва роҳбарони иншоот изҳори миннатдорӣ кард.
«Мехоҳам як масъалаи муҳимро махсус хотирнишон созам, ки дар корхона бо истифода аз дастовардҳои навтарин ва усулҳои муосири техникиву технологӣ барои безараргардонии партов, яъне меъёрҳои замонавии экологӣ ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қаблан дуди ангишт аз полоиши барқӣ ё электрофилтр гузаронида мешавад ва баъдан тавассути дастгоҳи махсус поксозӣ шуда, 99,8 фоиз безарар гардонида мешавад, ки ин нишондиҳанда ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқат менамояд», – гуфт президент.
Сарвари давлат изҳор намуд, ки навбати аввали марказ иқтидори истеҳсоли 1 миллиону 250 ҳазор киловатт-соат нерӯи барқро дорад, ки чунин иқтидор дар шароити камчинии нерӯи барқ кумаки хеле зиёд ба шабакаҳои барқи кишвар мебошад ва тибқи нақша, навбати дуюми марказ то охири нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба истифода супорида мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки дар натиҷаи ба фаъолият оғоз кардани корхонаи имрӯза хатти интиқоли барқи баландшиддати 220-киловолтаи он ба зеристгоҳи “Душанбе-500” пайваст шуда, корҳо ҷиҳати пайвастани шоҳқубури гармидиҳӣ то қубурҳои мавҷудаи гармигузаронии шаҳр ба масофаи зиёда аз се километр ва дигар иншооту биноҳои маъмурии марказ идома дода мешаванд.
«Ба ҳолати аввали соли 2013 дар шаҳри Душанбе наздики 8,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ мавҷуд буда, бо дарназардошти пурра ба фаъолият оғоз кардани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 имконият пайдо мешавад, ки иловатан боз 40 фоизи аҳолии пойтахт бо гармӣ таъмин карда шавад», – изҳор кард сарвари давлат.
Ёдрас мекунем, ки Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе»-2» дар доираи созишномаи сеҷониба миёни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ҶСК «ТВЕА» (Чин) ва ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳкорӣ» бунёд гардида, аз ҳисоби қарзи бонкҳои «Эксимбонк» ва Бонки рушди Чин маблағгузорӣ мешавад. Арзиши лоиҳавии МБГ Душанбе-2 30 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.
Қобили зикр аст, ки марказ аз ду навбат 50 МВт иборат аст. Барои кори 1 дег дар 1 соат 31 тонна, дар як шабонарӯз 744 тонна ва дар як моҳ 22 ҳазору 320 тонна ангишт лозим аст.


