Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия Иззат Амон дар бораи расидани таҳдидҳо аз шахсони номаълум ба унвони иштирокчиёни бозии футбол, ки чанде қабл ба дастгирии соҳибкор Зайд Саидов дар Маскав доир гардида буд, хабар медиҳад.
«Ба се нафар иштирокчиён аз рақамҳои номаълум таҳдидҳо садо доданд. Афроди номаълум тақозо намуданд, ки иштирокчиёни аксия аз болои Иттифоқи мо ба сафоратхонаи Тоҷикистон шикоят кунанд, вагарна онҳоро нохушиву ногувориҳо интизор хоҳад буд», – иброз дошт Иззат Амон.
Раиси Иттифоқ тахминҳои худро бо он асоснок мекунад, ки ба ҷуз зангҳои телефонӣ, дар шабакаи иҷтимоии «В Контакте» низ аз Маҳина ном шахсе ба унвони иштирокчиёни аксия таҳдидҳо сурат гирифтаанд. Иштирокчиёни аксия ӯро мешиносанд ва ӯ дар сафоратхона кор мекунад. Фамилияи занро Иззат Амон ном набурд.
«Ӯ ба онҳо таҳдид кардааст, ки агар аз болои дастандаркорони аксия шикоят набаранд, зимни ба ватан баргаштанашон паҳлӯи Зайд Саидов шинонида мешаванд», – мегӯяд Иззат Амон.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5-уми январи соли ҷорӣ наздики 100 тан аз фаъолони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия дар маҷмааи варзишии «Москва» барои дастгирии ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов
як аксия
доир намуданд.
Қобили зикр аст, ки соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба 26 соли зиндони низомаш шадид бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатию мансабҳои давлатӣ ва машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 5 сол ва ҷазои ҷарима ба андозаи 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 80 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат маҳкум карда шуд.


