Нигаронии ИА аз боздошти чанде қабли наворбардори «Озодагон»

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз боздошт ва лату кӯби Абдураҳим Шукуров, наворбардори агентии иттилоотии “Озодагон” изҳори нигаронӣ намуд. Дар иттилоияи рӯзи 13-уми январ интишорнамудаи намояндагии ИА зикр мегардад, ки намояндагии ИА ахиран аз боздоштгоҳ озод кардани ӯро бо хушнудӣ истиқбол карда, ҳамзамон аз мақомоти ҳокимияти Тоҷикистон даъват менамояд, ки ҳодисаи мазкур зуд ва ба […]

ASIA-Plus


Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз боздошт ва лату кӯби Абдураҳим Шукуров, наворбардори агентии иттилоотии “Озодагон” изҳори нигаронӣ намуд.

Дар иттилоияи рӯзи 13-уми январ интишорнамудаи намояндагии ИА зикр мегардад, ки намояндагии ИА ахиран аз боздоштгоҳ озод кардани ӯро бо хушнудӣ истиқбол карда, ҳамзамон аз мақомоти ҳокимияти Тоҷикистон даъват менамояд, ки ҳодисаи мазкур зуд ва ба таври дақиқ тафтиш гардида, шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

«Намояндагии ИА ҳамчунин аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал меоварад, ки тибқи уҳдадориҳои байналмилалии худ ҳамаи чораҳои лозимиро андешида, ба хабарнигорон барои бе тарсу ҳарос иҷро карда тавонистани вазифаҳои касбияшон шароити мусоид фароҳам орад», – гуфта мешавад дар иттилоия.

Зимнан зикр мегардад, ки намояндагии ИА ҳамеша омода аст бо мақомоти ҳокимияти Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии фаъолияти озодонаи васоити ахбори умум ҳамкорӣ намояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.