Соли гузашта нисбати 5 судя парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд


Соли гузашта дар Тоҷикистон нисбати 5 нафар судя парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд.

Раиси Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ Зафар Азизов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки судяҳои судҳои ВМКБ, Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ваҳдат ва ноҳияи Нуробод ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, боз 11 нафар судя ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардида, 87 нафар аз ҷониби Шӯрои адлия оид ба риояи қонун зимни фаъолият огоҳ карда шуданд. «Давоми сол 15 нафар судя бо хоҳиши худ, аз рӯи синнусол ё марг мансабашонро тарк карда, 34 нафар судяи нав ба кор қабул шуд», – иброз дошт ӯ.

Азизов зикр кард, ки ҳангоми санҷиш (аттестатсия)-и ахири соли гузашта 424 нафар судя иштирок карда, 25 нафар ба мансаби ишғолкардаашон мувофиқат накарданд ва се нафари дигар ба курсҳои такмили ихтисос фиристода шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное