Дархости Тоҷикистон аз Русия оид ба пуштибонӣ аз мавқеъаш дар сохтмони «Роғун»


Рӯзи 14-уми январ вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Россия Абдулмаҷид Достиев бо муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Карасин Григорий Борисович оид ба ҷаласаи ғайринавбатии Бонки Ҷаҳонӣ, ки 16 январи соли ҷорӣ дар ш.Вашингтон баргузор мегардад, барпо шуд. 

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, дар вохӯрӣ Сафир мавқеи ҷониби Тоҷикистонро дар бораи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Роғун баён карда,  хоҳиш намуд, ки ҷониби Россия дар ин вохурӣ аз мавқеъи Тоҷикистон пуштибонӣ кунад. Инчунин Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия барои тамоси шабонарӯзӣ ва ҳалли якҷояи гирифтории шаҳрвандони мо, ки дар фоҷиаи ш.Волгоград рух дода буд, ба роҳбарияти Федератсияи Россия, ситоди таъсисёфта, роҳбарияти вилояту шаҳри Волгоград ва сардухтуру дигар кормандони беморхонаи № 25-и шаҳр изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар навбати худ Карасин Г.Б. таъзияи худро нисбати ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ш.Волгоград бар асари таркиш ба ҳалокат расида буданд,  иброз намуд. Карасин Г.Б. тасдиқ кард, ки аз ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Сафорати ФР дар ш. Душанбе оид ба масъалаи мазкур ворид гардида буд, огоҳӣ дорад ва тасдиқ кард, ки дар ҷаласаи дарпешистода корманди масъули Сафорати Федератсияи Россия дар ш. Вашингтон иштирок хоҳад кард ва аз натиҷаи он ба Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия итиллоъ хоҳад дод. Дар навбати худ, Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сафоратро дар ҷараён хоҳад гузошт. Ҳамчунин Карасин Г.Б. илова намуд, ки корманди масъули Сафорат дар ин иҷлосия ҳеҷ гуна салоҳияти маърӯза карданро надорад. Илова бар ин ӯ афзуд, ки Федератсияи Россия ҷонибдори субот ва амният дар минтақаи Осиёи Марказиcт ва хоҳони ҳалли қазияи мазкур бо роҳи мусолиҳатомез аз тарафи худи кишварҳои минтақа мебошад.

Ҳамчунин Карасин Г.Б. муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россияро дар сатҳи баланд арзиёбӣ намуда, оид ба тасвиби созишномаи будубоши Пойгоҳи низомии 201-уми Россия, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дастгирӣ ёфта буд, изҳори миннатдорӣ карда, қайд намуд, ки дирӯз дар ҷаласаи Ҳукумат масъалаи будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баррасӣ гардид ва дар наздиктарин рӯзҳо қувваи қонунӣ хоҳад гирифт. Тибқи иттилои Карасин Г.Б. дар таърихи 24 январи соли ҷорӣ ҳайъати Россия бо роҳбарии муовини Сарвазири кишвар И.Шувалов барои иштирок дар ҷаласаи байни ҳукуматӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар хоҳад намуд.

spot_imgspot_img

Популярное