Маҷлиси васеи ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе

Субҳи имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2013 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои соли 2014 мушаххас карда мешаванд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои иштирок дар маҷлиси […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2013 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои соли 2014 мушаххас карда мешаванд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои иштирок дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсат ва аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президент, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ, бонкҳо, рӯзномаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул ба ҳам омадаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода шунида шуд. Тавре зикр гардид, суръати афзоиши иқтисодиёти кишвар дар соли 2013 7,4 фоизро ташкил дода, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 40,5 миллиард сомонӣ расид. Сатҳи таваррум бошад, 3,7 фоизро ташкил дод, ҳол он ки дар соли 2012 ин нишондод ба 6,4 фоиз баробар гардида буд. Чунонки аён гардид, нишондодҳои рушд дар тамоми бахшҳои иқтисоди миллӣ мусбӣ мебошанд.

Гуфта мешавад, аз ҳисоботи Вазири молия Абдусалом Қурбонов маълум шуд, ки Буҷети давлатӣ дар соли 2013 барзиёд иҷро гардида, ҳаҷми он ба 11,5 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2012 қариб ду миллиард сомонӣ зиёд аст.

Аз ҳисоботи Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов бармеояд, ки сарфи назар аз таъмин нагардидани нақшаи андозсупорӣ аз ҷониби як қатор корхонаҳои бузург ва қисмате аз шаҳру ноҳияҳо дар маҷмӯъ нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар ҷумҳурӣ барзиёд иҷро гардидааст.

Зимни ҳисоботи Сардори Хадамоти гумрук Рустами Эмомалӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 3 миллиарду 241 миллион сомонӣ иҷро гардидааст ва ин 496 миллион сомонӣ аз нақшаи солона зиёд аст. Тавре зикр гардид, ҳоло Тоҷикистон бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон робитаҳои тиҷоратӣ дорад ва ҳаҷми савдои хориҷӣ дар соли 2013 беш аз 5 миллиарду 301 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.