Мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар соли гузашта 3,7%-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2013 нархҳо ба маводи ғизоӣ ба андозаи 3,2%, маҳсулоти ғайриғизоӣ – 6,1% ва хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ ҳамагӣ ба миқдори 0,8% афзудаанд.
Суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши истеъмолии ҷумҳурӣ соли гузашта 0,31%-ро ташкил дод. Соли 2012 ин нишондиҳанда ба 0,53% баробар буд.
Аввали соли 2013 ҳукумати Тоҷикистон нигоҳ доштани мизони таваррум дар сатҳи то 9%-ро ба нақша гирифта, вале нимаи сол ин пешгӯӣ то 7% кам карда шуд.
Дар ҳамин ҳол, сатҳи таварруми соли гузашта дар ҷумҳурӣ сабтшуда аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.
Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли равонро дар мизони на бештар аз 7% нигоҳ дорад.



