Натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат дар соли гузашта

Дар маҷлиси васеи ҳукумат бахшида ба натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли гузашта ҳисоботи вазири маориф ва илм Нуриддин Саидов, президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимов, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Нусратулло Салимов, прокурори генералӣ Шерхон Салимзода ва роҳбари Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳи Ғоиб шунида шуданд. Бино ба иттилои […]

ASIA-Plus


Дар маҷлиси васеи ҳукумат бахшида ба натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли гузашта ҳисоботи вазири маориф ва илм Нуриддин Саидов, президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимов, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Нусратулло Салимов, прокурори генералӣ Шерхон Салимзода ва роҳбари Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳи Ғоиб шунида шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҳисоботи прокурори генералӣ ва роҳбарии Агентии зиддифасод ба болоравии мизони ҷинояткорӣ дар кишвар, ки тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Бахусус аз ҷиноятҳои коррупсионӣ ва гароидани баъзе аз ҷавонону наврасони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъи ифротию террористӣ изҳори нигаронӣ карда шуд.

Дар маҷлиси ҳамчунин ҳисоботи раисони Кумитаҳои кор бо занон ва оила Махфират Хидирова, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ Абдураҳим Холиқов низ шунида шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳисоботи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшедов ба ободонии шаҳру ноҳияҳои вилоят, навсозии роҳҳои маҳаллӣ ва шабакаи обу корези шаҳри Хоруғ, бунёди биноҳои нави бисёрошёна, маҳалҳои нави аҳолинишин ва дигар масоили мубрам таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супоришҳои мушаххас дод.

Дастуру ҳидоятҳои мушаххас доир ба ривоҷ додани корҳои ободонию созандагӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муҳайсозии ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорию ватандорӣ, ҳамчунин зимни ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дода шуд.

Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро дар соли 2013 мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дод ва вазифаҳои ояндаро мушаххас намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.