Дар Дарвоз корхонаи коркарди мармар кушода мешавад

spot_imgspot_img

Дата:



Корхонаи коркарди сангҳо бо номи «Корона Мрамор», ки сохтмонаш соли 2013 оғоз шуда буда, нимаи авали моҳи марти соли равон дар Дарвоз ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Абдусалом Олимшоев, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои дастгоҳи раиси ноҳияи Дарвоз иттилоъ дод, корхонаи мазкур дар деҳаи Даштаки ноҳия воқеъ буда, иқтидори истеҳсолиаш дар як сол аз 1500 то 1600 метри квадрати сангҳои кимматбаҳоро ташкил медиҳад. Бинои корхона барои истифода омода аст, аммо бояд таҷҳизот барои коркарди сангҳо, ки аз Душанбе дастрас мешаванд, васл карда шаванд

«Корхона дар муддати аввал метавонад зиёда аз 10 нафарро бо чойи кори доимӣ таъмин кунад. Мунтаззам дар сурати боло рафтани нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхона шумораи коргарон аз ҳисоби шахсони бекори маҳаллу деҳото зиёд карда мешавад», – афзуд номбурда.

Ба гуфтаи Олимшоев, барои сохтмони корхона 1,5 млню сомони аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ сарф шудааст. «Корхона сангҳои ороиширо барои истифода дар кори сохтмонии беруни биноҳо, аз қабили мармар коркард месозад ва мақсад дорад фурўши ин намуд сангҳоро дар тамоми чумҳури ба роҳ монад. Дар корхона сангҳои маҳаллӣ коркард шуда, бо нархҳои нисбатан арзонтар ба бозорҳои кишвар содир карда мешаванд», – қайд кард Олимшоев.

 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...