Дар Гаага аҳамияти байнулмилалии таҷрибаи сулҳи тоҷикон баррасӣ шуд

Нимаи ҳафтаи равон дар бинои Донишкадаи муносибатҳои байналхалқии «Клингендал»-и шаҳр Гаага вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерланд Рустамҷон Солиев бо Шӯрои академии Донишкада дар мавзӯи «Аҳамияти байлналмилалии таҷрибаи сулҳи тоҷикон» барпо шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ роҳбарияти Донишкадаи “Клингендал”, аъзоёни Шӯрои академӣ, сиёсатшиносон, дипломатҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат […]

ASIA-Plus


Нимаи ҳафтаи равон дар бинои Донишкадаи муносибатҳои байналхалқии «Клингендал»-и шаҳр Гаага вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерланд Рустамҷон Солиев бо Шӯрои академии Донишкада дар мавзӯи «Аҳамияти байлналмилалии таҷрибаи сулҳи тоҷикон» барпо шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ роҳбарияти Донишкадаи “Клингендал”, аъзоёни Шӯрои академӣ, сиёсатшиносон, дипломатҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд.

Дар маърӯзаи худ Рустамҷон Солиев ба ҳозирин дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта ва таҷрибаи ба даст овардани ризоияти миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар маълумоти муфассал дода, нақши тақдирсози президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва дунявӣ, барқарорсозии иҷтимоиву иқтисодии он, ноил гаштан ба сулҳ, ваҳдат, субот ва пешрафт, татбиқи ислоҳоти самараноки сиёсӣ ва иқтисодӣ, пешбурду ҳимояи манфиатҳои миллии ҷумҳурӣ тавассути амалисозии сиёсати “дарҳои кушода” таъкид сохт.

Ҳамзамон, аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва илмии омӯзиши намунаи нодири танзими муноқишаи дохилии Тоҷикистон ва ба даст овардани ризоияти миллӣ ва сулҳу субот аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла татбиқи он зимни ҳаллу фасли мушкилоти Афғонистон, қайд гардид.

 Иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба масоили сулҳу субот дар Тоҷикистон, дар маҷмӯъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон табодули назар карданд. Онҳо ба таҷрибаи ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба шарофати роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, зарурати омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи нодири ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро барои танзими мусолиҳатомези муноқишаҳои маҳаллӣ тазаккур доданд. Дар анҷоми вохӯрӣ ба ҳар як нафар китоби “Меъмори сулҳ” тақдим гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.