Собиқ муовинони вазири мудофиа ба ихтиёри Раёсати кадрҳо гузаронида шуданд


– Чор нафар собиқ муовинони вазири мудофиаи Тоҷикистон, ки ахири ҳафтаи гузашта

аз мансаб сабукдӯ




ш

гардиданд, ба ихтиёри Раёсати кадрҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ гузаронида шуданд, – изҳор дошт ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ.

Ба гуфтаи ӯ, собиқ сардори Ситоди кулли Вазорати мудофиа, муовини аввали вазири мудофиа генерал-лейтенант Рамил Нодиров, собиқ муовини вазир генерал-лейтенант Ғайрат Адҳамов, собиқ муовинони вазир генерал-майорҳо Латиф Файзиев ва Вячеслав Грудина ба ихтиёри Раёсати кадрҳои вазорат гузаронида шуданд.

Ёдрас мекунем, ки Зариф Бобокалонов  сардори ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Саидамир Розиқов ва Абдуҳалим Назаров муовинҳои вазири мудофиа таъин карда шуданд. Миралӣ Раҳматов фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

spot_imgspot_img

Популярное