Фавти Тоҷиеви аз тирезаи ШКД ба берун афтода дар бемористони зиндон

Узви раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара Умедҷон Тоҷиев, ки аз ошёнаи сеюми Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Исфара ба берун афтода буд, дар бемористони зиндон ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» бо истинод ба ҳомии ҳуқуқи башар Файзинисо Воҳидова муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит хабар дод. Худи Файзинисо Воҳидова ба ОИ […]

ASIA-Plus


Узви раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара Умедҷон Тоҷиев, ки аз ошёнаи сеюми Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Исфара ба берун афтода буд, дар бемористони зиндон ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» бо истинод ба ҳомии ҳуқуқи башар Файзинисо Воҳидова муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит хабар дод.

Худи Файзинисо Воҳидова ба ОИ «Азия-Плюс» далели фавти Тоҷиевро тасдиқ ва илова намуд, ки ӯ соати тақрибан 16-и рӯзи 19-уми январ дар бемористони марказии Раёсати муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд, воқеъ дар муассисаи ислоҳии 3/5-и шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расидааст. Ӯро ба ин ҷо рӯзи 4-уми январ аз тавқифгоҳи тафтишотии ШВКД овардаанд. Воҳидова дар бораи аз куҷо ба ӯ маълум шудани далели марги Тоҷиев маълумот надод.

«Дар ин бора ба ман дирӯз хабар доданд. Айни замон сабабҳои марги ӯ таҳқиқ мешаванд. Ташхиси судиву тиббӣ гузаронида шудааст. Тибқи маълумоти ба ман расида, дар баргузории ташхиси судиву тиббӣ намояндагони прокуратураи вилоят низ ҳузур доштаанд. Ҷасади Тоҷиев алҳол ба хешовандонаш дода нашудааст», – иброз дошт Воҳидова.

Ӯ бар ин назар аст, ки марги Тоҷиев ба ҳар ҳол ба шиканҷаи имконконпазир шояд вобаста бошад, зеро аз ҷароҳати пой, ки зимни аз тиреза афтоданаш гирифта буд, одам ба ҳалокат расида наметавонад.

«Қаблан Тоҷиев хабар дода буд, ки ба аз тиреза афтоданаш худаш гунаҳкор аст, зеро нисбати ӯ кормандони гуруҳи тафтишотӣ аз шиканҷа истифода мекардаанд. Шояд ҳангоми афтодан узвҳои дохилиаш ҳам зарар дида буданд. Ӯ ҳамчунин хабар дода буд, ки нисбати ӯ аз ҷараёни шиддати барқ ҳам истифода  мебурдаанд, ки шояд ба кори дили ӯ асар карда бошад. Чӣ гунае, ки набошад, ташхиси судиву тиббӣ сабаби маргро зикр хоҳад кард», – мегӯяд Воҳидова.

Дар ҳамин ҳол, Юсуф Дониёров, адвокати Умедҷон Тоҷиев то ҳанӯз дар бораи марги зерҳимояаш хабар надорад. Ба ОИ «Азия-Плюс» ӯ изҳор кард, ки дар ин бора ба ӯ Воҳидова хабар додааст ва айни замон ӯ ба тамоми ҳолатҳои марги зерҳимояаш рӯшанӣ андохтанист.

Ҳафтаи сипаришуда иттилоъ дода будем, ки Умедҷон Тоҷиев ба бемористони тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №2-и шаҳри Хуҷанд

мунтақил гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.