Кӯмаки бебозгаши сафорати ИМА ба Хадамоти гумруки ҶТ


Барномаи «Таъмини назорати воридот ва бехатарии марзҳо»-и (EXBS) сафорати ИМА дар Душанбе маркази таълимии дарсҳои амалиро ба ҳукумати Тоҷикистон ба сифати кӯмаки бебозгашт тақдим намуд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, маркази мазкур ҳамчун ҷузъи аслии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Хадамоти гумрук, дар такмили омӯзиши касбии ҳайати Гумрук бо шаклу усулҳои пешгирӣ ва зуд ошкор намудани силоҳи қатли ом (СҚО) ва васоити марбут ба он, инчунин силоҳи маъмулӣ кӯмаки назаррас хоҳад расонд.

Роҳбари ҳайат сафир Сюзан Эллиотт дар маросими расмии буридани лентаи расмӣ дар ифтитоҳи маркази номбаршуда, воқеъ дар дидбонгоҳи «Айнӣ» – и шаҳри Душанбе, ширкат варзид. «Ҳукумати ИМА ва Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бар зидди таҳдиди силоҳи қатли ом ва маводҳои марбута ба он ҳадафи яксон доранд. Ҳукумати мо эътироф менамояд, ки таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистон яке аз афзалиятҳои давлати мо мебошад. Кормандони гумрук дар якҷоягӣ бо ҳамхизматони хеш – сарҳадчиён, дар ҷабҳаи пеши муҳофизати Тоҷикистон аз таҳдидҳои беруна дар нуқтаҳои убури сарҳад адои хизмат мекунанд. Аксаран, аз онҳо иҷрои амалиёти муҳим дар ҳолати маҳдудияти захоир, дар маҳалҳои дастнорасу шароити номусоиди боду ҳаво талаб карда мешавад. Сафорати ИМА тавассути барномаи «Таъмини назорати воридот ва бехатарии марзҳо» (EXBS) аз дастгирии хеш ба Хадамоти гумрук дар баланд гардонидани иқтидори таълимии он, хеле хушҳол аст. Ин дар навбати худ, кӯшишҳои Хадамотро дар мубориза бар зидди қочоқчигӣ, аз ҷумла чолишҳои ҳақиқии силоҳи қатли ом бояд беҳтар гардонад» – қайд намуд дар суханронии хеш сафир Эллиотт.

Қбили зикр аст, ки имрӯз, сафорати ИМА ба ҳукумати Тоҷикистон ба сифати кӯмаки бебозгашт маркази таълимӣ бо арзиши умумии зиёда аз ду миллион доллари амрикоӣ дастрас намуд, ки он иқтидори Тоҷикистонро дар таъмини амнияти марзҳои он, беҳтар хоҳад кард.

Иншооти мазкур дар доираи фаъолиятҳои яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасон сохта шудааст, ки амалӣ гаштани онҳо бо шарофати кӯмакҳои мардуми ИМА тавассути Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гашт. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико барои дастгирӣ намудани рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва системаҳои таъмини амнияти Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз як миллиард доллари ИМА кӯмак расонид.

spot_imgspot_img

Популярное