Иштироки навраси 9-солаи тоҷик дар даргириҳои низомии Сурия

Ром Сувайд, муаллифи як мавод дар расонаи хабарии арабии «Elaph» иттилоъ додааст, ки дар даргириҳои низомии Сурия як навраси 9-солаи тоҷик Аҳмад ширкат варзида, ба ҷуз забони модарии худ – тоҷикӣ, забонҳои туркӣ, арабӣ ва русиро низ балад аст. «Аҳмад барои ҷангиёне, ки аз Чеченистону Туркия ва дигар кишварҳо барои ҷангидан ба Сурия омадаанду забони […]

ASIA-Plus


Ром Сувайд, муаллифи як мавод дар расонаи хабарии арабии «Elaph» иттилоъ додааст, ки дар даргириҳои низомии Сурия як навраси 9-солаи тоҷик Аҳмад ширкат варзида, ба ҷуз забони модарии худ – тоҷикӣ, забонҳои туркӣ, арабӣ ва русиро низ балад аст.

«Аҳмад барои ҷангиёне, ки аз Чеченистону Туркия ва дигар кишварҳо барои ҷангидан ба Сурия омадаанду забони арабиро намедонанд, ба сифати тарҷумон кор мекунад», – навиштааст муаллифи мақола ва илова намудааст, ки дар вақтҳои холӣ наврас бо ҳамсолони худ ба бозӣ машғул аст.

Ба иттилои муаллифи мавод, дар манотиқи гуногуни Сурия дар урдӯгоҳҳои хурду бузург кӯдакону наврасон ба омӯзиши малакаҳои ҷангӣ машғуланд. Ром Сувайд таъкид месозад, ки айни замон дар сафҳои ошӯбгарон кӯдакон аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Малайзия ҳузур доранд.

Бино ба маълумоти расонаҳои Сурия, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия тақрибан 190 нафар аст. Ахири соли гузашта Суди олии Тоҷикистон се нафар шаҳрванди кишварро барои иштирок дар ҷанги шаҳрвандии Сурия дар сафҳои мухолифин ба 2 соли зиндон маҳкум намуд. Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷумҳурӣ қаблан изҳор намуда буд, ки тайи солҳои ахир дар низоъҳои Афғонистону Покистон ва Сурия 14 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.