Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров масъалаи ворид намудани Тағйирту илова ба Кодекси ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси мурофиавии ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи ворид намудани тағийроту илова ба қонунҳо «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014», «Дар бораи бозори коғазҳои қимматнок» ва «Дар бораи маориф» низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
«Ҳамаи масоили дар ҷаласаи Шӯро баррасишуда ҷиҳати омӯзишу хулосабарорӣ ба кумита ва комиссияҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон фиристода шуданд», – афзуд номбурда.



