Расулзода аз ҳайати раёсат ва КИМ-и ҲХДТ дар Суғд хориҷ шуд

Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, муовини Раиси ҳизб Асрор Латипов ва аъзои кумиҷроия ҷаласа баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, ҷаласа ба натиҷаҳои ҳисоботи кумиҷроияи вилоятӣ оид ба фаъолият дар соли 2013 бахшида […]

ASIA-Plus


Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, муовини Раиси ҳизб Асрор Латипов ва аъзои кумиҷроия ҷаласа баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, ҷаласа ба натиҷаҳои ҳисоботи кумиҷроияи вилоятӣ оид ба фаъолият дар соли 2013 бахшида шуда, бо ризояти иштирокчиёни ҷаласа нахуст масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардид.

«Аъзои Раёсат Қоҳир Расулзода ва аъзои кумиҷроия Шарифҷон Шарифов бинобар иваз шудани макони зисташон аз ҳайати Раёсат ва кумиҷроия бароварда шуда, ба ҷои онҳо и.в. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба аъзогии Раёсат ва кумиҷроияи ҳизб роҳбари Дастгоҳи Раиси вилоят Рустамҷон Ғиёсов ба аъзогии кумиҷроияи вилоятии ҳизб пазируфта шуданд», – зикр мегардад дар иттилои сомонаи ҳизб.

Гуфта мешавад, инчунин бинобар сабаби ба амал омадани тағйироти кадрӣ  Даврон Зоҳидов ба вазифаи раиси шаҳри Исфара гузаштанаш ба вазифаи раиси Ҳизби Халқи Демокаратии Тоҷикистон дар вилоят номзадии Сарфароз Юнусов пешниҳод карда шуд ва якдилона интихоб гардид.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 237 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҳамин ҳизбанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.