Ташрифи генерали воломақоми амрикоӣ ба Тоҷикистон

Фармондеҳи Қӯшунҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майори Артиши ИМА Микаел К.Нагата бо мақсади муҳокимаи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои амният бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Бино ба иттилои сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон, ҳангоми сафари хеш генерал Нагата бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан […]

ASIA-Plus


Фармондеҳи Қӯшунҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майори Артиши ИМА Микаел К.Нагата бо мақсади муҳокимаи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои амният бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба иттилои сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон, ҳангоми сафари хеш генерал Нагата бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт мулоқот намуд. Дар рафти мулоқот онҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории бефосилаи ҳарбӣ байни ИМА ва ҶТ, минҷумла ҳамкории Қӯшунҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказӣ бо қувваҳои махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд. 

«Генерал ва ашхоси баландмақоми ҳарбӣ инчунин саҳми Қӯшунҳои таъиноти махсусии Фармондеҳии марказиро дар таъмини сулҳусубот ва амният дар Осиёи Марказӣ қайд намуданд», – хабар медиҳад намояндагии дипломатии ИМА.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.