Қариб 3 млн. сомонӣ даромад ба буҷет аз видеокамераҳои роҳ


Зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон Маҳмадсаид Саидов изҳор намуд, ки аз моҳи ноябри соли 2013 то имрӯз аз ҳисоби ҷаримаи қонуншиканиҳо дар роҳ, ки видеокамераҳои пойтахт сабт карданд, ба буҷети ҷумҳурӣ 2 млн. 756 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид.

Ба гуфтаи ӯ, ҷаримаи аз ҳама зиёдтарин дар ҳаҷми 49 ҳазор сомониро молики як автомашинае, ки беш аз 100 маротиба ба қонуншиканиӣ роҳ додаасту 78-тоашро кормандони БДА собит намудаанд, пардохт кардааст.

Муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ Абдураҳмон Бузмаков дар ин робита зикр кард, ки то имрӯз видеокамераҳо 150 ҳазор қонуншиканиҳо дар роҳ ва 300 ҳодисаи риоя накардани тартиботи ҷамъиятиро ошкор намуда, пас аз насби камераҳо шумори қонуншиканиҳо дар роҳи протоколӣ 50% коҳиш ёфтааст.

Сардори Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон Маҳмадсаид Саидов ҳамчунин гуфт, ояндаи наздик як сомонаи интернетии ҷудогонае роҳандозӣ хоҳад шуд, ки пас аз ворид намудани рақами автомашина ба он, ронандагон аз мавҷуд будан ё набудани ҷарима нисбати он огоҳ мешаванд. «Айни замон дар роҳҳои Душанбе ҳудуди 80 камера насб шуда, шумори онҳо тадриҷан то 850 адад меафзояд», – изҳор кард номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное