Дар интихоботи парлумонӣ Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ)-ро раиси нав намояндагӣ мекунад. Раиси феълии ҲСДТ Раҳматилло Зойиров омода аст, ки пас аз анҷоми муҳлати ваколаташ дар вазифаи раиси ҳизб ба истеъфо равад.
«Ман бо эҳсоси масъулият изҳор медорам, ки муҳлати кунунии ман дар мақоми раиси ҲСДТ охирин муҳлат мебошад. Ин муҳлат тирамоҳи соли 2015 ба охир мерасад», – изҳор доштааст ӯ дар баёнияи рӯзи 26-уми январ интишоршуда.
Ба гуфтаи ӯ, раиси ҳизб ҳар касе аз аъзои Шӯрои сиёсии ҲСДТ ва ё ҳар фаъоли ҲСДТ метавонад бошад, новобаста аз ин ки номзад ба раис аз марказ аст ё аз нуқтаи дигари кишвар, дар дохили кишвар зиндагӣ мекунад ва ё дар муҳоҷират қарор дорад. Муҳим ин аст, ки ӯ дар ҷалб намудани аъзои муносиб ба хотири навсозӣ ва баланд бардоштани обрӯи ҳизб беҳтарин амалкардҳои ҳизбӣ нишон дода бошад. Номи беҳтарин ва муносибтарин номзадҳоро Шӯрои Сиёсии ҲСДТ муайян менамояд ва интихоби раисро анҷумани ҲСДТ ҳаллу фасл мекунад.
Ӯ изҳор мекунад, ки анҷумани пеш аз интихоботии ҲСДТ моҳи декабри соли 2014 баргузор мешавад ва дар он рӯйхати нави ҳизбии ҲСДТ тасвиб мегардад. Албатта, масъалаи интихоби раиси нави ҲСДТ аз бисёр ҷиҳат аз натиҷаҳои интихоби намояндагони ҲСДТ ба мақомоти интихобии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба Маҷлиси намояндагон, вобастагӣ дорад.
«Дар ҳоли ҳозир ман метавонам танҳо як нуктаро равшан баён дорам: ин рӯйхат бо номи намояндаи нави ҲСДТ, ки ӯ ҳатто мумкин аст яке аз занҳои фаъоли ҳизб бошад, оғоз мегардад. Аммо барои ман мӯҳлати иҷрои вазифаи раиси ҲСДТ дар тирамоҳи соли 2015 ба охир мерасад. Анҷумани ҳисоботиву интихоботии ҳизб, ки маро раис интихоб карда буд, 4-уми декабри соли 2011 баргузор шуда буд, ки мутобиқан дар моҳи декабри 2015 ҲСДТ-ро бояд раиси нав сарварӣ намояд. Ва ин сарварро анҷумани ҳисоботиву интихоботии ҲСДТ, ки дар охири моҳи ноябр ё аввали моҳи декабри соли 2015 баргузор мегардад, интихоб хоҳад кард», – зикр мегардад дар баёнияи Раҳматилло Зойиров.
Дар баёния Зойиров таъкид мекунад, ки солҳои 2014-2016 барои Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон солҳои навсозӣ шуда, бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҳоли ҳозир шумораи кофии фаъолоне парварда шудаанд, ки метавонанд ба таври шоиста ҳам дар аввали рӯйхати ҳизб бошанд ва ҳам ҳизбро роҳбарӣ намоянд, вале бо вуҷуди ин, кори тарбияи кормандон, бавижа аз ҳисоби ҷавонон, вогузор кардани самтҳои муҳим ба ҷавонони масъулиятпазир идома ва устувортар хоҳад шуд.
«20 моҳи боқимондаи худро дар вазифаи сарвари ҲСДТ ман ба таври куллӣ ба тарбия, интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва пешбарии раҳбарони нави ҳизбӣ сарф хоҳам кард. Ва мехоҳам ба ин нукта равшанӣ андозам, ки ин баёнияро бо Шӯрои сиёсии ҲСДТ мавриди машварат ва мувофиқат қарор надодаам. Шояд бархе аз таҳлилгарон изҳор намоянд, ки ин иқдоми ман метавонад боиси нофаҳмӣ ва ҳатто парокандагӣ дар сафњои ҲСДТ гардад ва бо тағйир ёфтани сиёсати ҲСДТ анҷом гирад. Итминон медиҳам, ки дар сафи ҲСДТ ҳеҷ парокандагие рӯй нахоҳад дод. Сиёсати ҲСДТ на то он рӯзе, ки ман сарвараш ҳастам ва на баъд аз ман тағйир нахоҳад ёфт. ҲСДТ ҳамеша ҳизби қонун, адолат, виҷдон ва аъзову роҳбарони наваш аз хиради сиёсӣ бархӯрдор хоҳанд буд», – гуфтааст Раҳматилло Зойиров дар хотимаи баёния.



