Дар шаҳри Исфара гуфтушуниди намояндагони сохторҳои қудратии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ба эътидол овардани вазъ дар қитъаҳои баҳсноки марзи давлатӣ ба итмом расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, дар гуфтушунид Тоҷикистонро ёвари президент оид ба масоили амният Шералӣ Хайруллоев ва Қирғизистонро намояндаи ваколатдори президенти ин кишвар Анорбек Мамирқулов намояндагӣ кардаанд.
Чун гуфтушунид пушти дарҳои пӯшида сурат гирифт, дар бораи натоиҷи он маълумот дастрас нест. Танҳо маълум аст, ки имрӯз дар Бишкек ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ дар сатҳи муовинони нахуствазири кишварҳо доир мегардад.
Бахши тоҷикии сомонаи
радиои «Озодӣ»
дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки айни замон қисмати бузурги нерӯҳои марзбонии ҳарду кишвар аз хатти марз қафо кашида мешаванд.



