Соли равон нархи барқ боз боло меравад



Соли равон тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз боло мераванд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон як комиссияи маҳсуси ҳукуматӣ ба баррасии ин масъала машғул аст.

«Ин масъаларо комиссияи ҳукуматӣ таҳти назорати Хадамоти зиддиинҳисорӣ баррасӣ дошта, пас аз итмоми кори ин комиссия метавон дар ин бора маълумоти муфассал пешниҳод намуд, зеро то дар дасти ман ҳуҷҷати хулосавии ин комиссия набошад, ман наметавонам бигӯям, ки тарофаҳо кай ва ба кадом миқдор боло хоҳанд рафт», – иброз дошт вазир.

Болоравии тарофаҳо ба истифодаи нерӯи барқро вазир чунин шарҳ дод, ки тайи чанд моҳ аст, ки кормандони низоми энергетикии кишвар музди меҳнаташонро гирифта наметавонанд ва ба ҷуз ин, ширкати «Барқи тоҷик» низ қарзҳои зиёд дорад. «Бо ягон навъе имрӯз фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории ширкати «Барқи тоҷик»-ро беҳтар кардан лозим аст», – афзуд У.Усмонов.

Ёдрас мекунем, ки бори ахир тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон моҳи апрели соли 2012 боло рафта буданд. Қаблан Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ тадриҷан то 3,5 сент расонида шаванд.

Айни замон бо назардошти андоз аз арзиши изофа, тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ барои аҳолӣ барои 1 кВт/соат – 11 дирам; истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 26,63; истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ, нақлиёти энергетикӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 10,63 ва заҳбурҳои амудии мелиоративӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ – 1,88 дирам муқаррар карда шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное