Соли 2013 бонкҳои ҷумҳурӣ 1,8 млрд. $ қарз доданд



Соли 2013 ташкилотҳои қарздиҳии Тоҷикистон 8,9 млрд. сомонӣ (1,8 млрд. $) қарзҳо пешниҳод намуданд, ки дар муқоиса бо соли 2012 ба андозаи 26,4% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), соли гузашта ҳаҷми қарзҳои пардохташуда ба 6,7 млрд. сомонӣ расидааст.

Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 23,9 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,5 фоизро ташкил намуда, нисбат ба соли 2012 бо пули миллӣ 3,4 банди фоизӣ зиёд ва бо асъори хориҷӣ 0,7 банди фоизӣ кам гардид.

Дар ин давра ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда нисбат ба соли қаблӣ 50,0 фоиз зиёд гардид ва 4,7 млрд. сомониро ташкил дод. Аз ин ҳисоб ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон 898,9 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбати соли қаблӣ 41,6 фоиз зиёд мебошад.

Афзоиши пасандозҳо дар соли 2013 нисбат ба соли гузашта 11,9 фоизро ташкил дода, дар маҷмуъ ба 5,5 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки  бо пули миллӣ 32% ва асъори хориҷӣ 68%-ро ташкил додааст.

Аз ҳаҷми умумӣ пасандозҳои шахсони воқеӣ дар ин давра 24,3 фоиз зиёд гардида, 3,7 млрд. сомониро ташкил доданд.

Фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатдор бо пули миллӣ 15,7 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,7 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2012 бо пули миллӣ 0,03 банди фоизӣ зиёд ва бо асъори хориҷӣ 1,1 банди фоизӣ кам гардиданд.

spot_imgspot_img

Популярное