Дар Душанбе масъалаи рушди бонкинги мобилиро баррасӣ мекунанд

Масъалаҳои рушди бонкинги мобилӣ (хизматрасонии фосилавии бонкӣ ё бонкинги электронӣ) ва дурнамои ҷорисозии он рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар Душанбе баррасӣ мешаванд. Тавре аз намояндагии Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни чорабинӣ ба ин муносибат Корпоратсия натиҷаҳои таҳқиқоти тоза оид ба паҳншавии бонкинги мобилӣ мутобиқи усул ва меъёрҳои байнулмилалиро манзур хоҳад […]

Пайрав Чоршанбиев



Масъалаҳои рушди бонкинги мобилӣ (хизматрасонии фосилавии бонкӣ ё бонкинги электронӣ) ва дурнамои ҷорисозии он рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар Душанбе баррасӣ мешаванд.

Тавре аз намояндагии Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни чорабинӣ ба ин муносибат Корпоратсия натиҷаҳои таҳқиқоти тоза оид ба паҳншавии бонкинги мобилӣ мутобиқи усул ва меъёрҳои байнулмилалиро манзур хоҳад кард.

Ба иттилои манбаъ, дар таҳқиқоти мазкур хулосаҳо дар ин самт баррасӣ шуда, тавсияҳо оид ба беҳбуд бахшидан ба вазъи бозори молиявӣ тавассути тавсеъаи дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ бо ёрии бонкинги мобилӣ пешниҳод карда мешаванд.

Хизматрасонии фосилавии бонкӣ (бонкинги электронӣ) –хизматрасоние мебошад, ки бо истифодаи воситаҳои барномавию техникӣ ва телекоммуникатсионӣ барои гузаронидани амалиёти бонкӣ, гирифтани иттилоот оиди бақияи маблағ дар суратҳисоби бонкӣ ва амалиёти гузаронидашуда, ба муштарӣ дастрасии фосилавиро ба суратҳисоби бонкии ӯ дар ташкилоти қарзӣ имконият медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат