Фаттоҳ Саидов дар бораи қазияи Зайд Саидов ва амволи ӯ

Тафтиши панҷ парванда оид ба ҷиноятҳои иқтисодӣ нисбати соҳибкор Зайд Саидов, ки ахири соли гузашта ба 26 соли зиндон маҳкум шуд ва ҳаммаслакони ӯ феълан идома дорад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Фаттоҳ Саидов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, нисбати Саидов ва ҳаммаслакони […]

ASIA-Plus



Тафтиши панҷ парванда оид ба ҷиноятҳои иқтисодӣ нисбати соҳибкор Зайд Саидов, ки ахири соли гузашта ба

26 соли зиндон маҳкум шуд

ва ҳаммаслакони ӯ феълан идома дорад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Фаттоҳ Саидов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, нисбати Саидов ва ҳаммаслакони ӯ тафтиши 3 парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаи 245, қ. 4 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 2 парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаи 340 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и Кодекси ҷиноии ҶТ давом дорад.

Дар посух ба савол дар бораи амволи мусодирашудаи соҳибкор роҳбари Агентӣ зикр кард, ки бо қарори суд то ба имрӯз танҳо корхонаи «Тоҷикатлас»-и мутааллиқ ба Зайд Саидов ба давлат баргардонида шудааст.

Дар ин робита Ф.Саидов ҳамчунин қайд кард, ки ошхона ва мағозаи мӯди воқеъ дар бинои Вазорати саноат, ки замони вазирии З.Саидов ба номи зан ва писараш хусусӣ гардонида шуда буданд, ба давлат баргардонида шуданд, чунки онҳо дар бинои сохтори давлатӣ ҷойгиранд.

«Амволи боқимондаи Зайд Саидов ва хешони наздики ӯ таҳти ҳабс қарор дошта, агар дар суд бо роҳи сохтакорӣ ба номи наздиконаш сабти ном шудани ин амвол собит гардад, он ҳам ба ихтиёри давлат супурда мешавад», – афзуд роҳбари Агентии зиддифасод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат