Ба номи аҳолӣ қайд шудани қарзҳои корхонаҳои саноатӣ аз барқ

Зимни нишасти хабарӣ роҳбари Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов изҳор намуд, ки дар ҷараёни тафтиши фаъолияти молиявии воҳидҳои зертобеъи ширкати «Барқи тоҷик» далелҳои ба номи аҳолӣ сабт шудани қарзҳо аз истифодаи барқи корхонаҳои саноатӣ, асосан корхонаҳои хусусӣ ошкор шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, зимни санҷиши фаъолияти воҳидҳои зертобеъи ин ширкат дар ноҳияҳои тобеи марказ ошкор шудааст, […]

Аваз Юлдошев



Зимни нишасти хабарӣ роҳбари Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов изҳор намуд, ки дар ҷараёни тафтиши фаъолияти молиявии воҳидҳои зертобеъи ширкати «Барқи тоҷик» далелҳои ба номи аҳолӣ сабт шудани қарзҳо аз истифодаи барқи корхонаҳои саноатӣ, асосан корхонаҳои хусусӣ ошкор шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, зимни санҷиши фаъолияти воҳидҳои зертобеъи ин ширкат дар ноҳияҳои тобеи марказ ошкор шудааст, ки дар ҳуҷҷатҳо қарзҳои аҳолӣ аз истифодаи барқ панҷ маротиба зиёд нишон дода шудаанд.

Ӯ зикр кард, ки дар ҷараёни санҷиши фаъолияти корхонаи «Система» дар вилояти Суғд далелҳои дуздии нерӯи барқ ба маблағи беш аз 1 млн. сомонӣ ошкор шудаанд. «Ман ваъда медиҳам, ки муддати ду-се моҳи минбаъда санҷиши далелҳои дуздии барқ дар ҷумҳурӣ ба итмом расида, гунаҳкорон муҷозот хоҳанд шуд», – иброз дошт Саидов.

Сардори Агентии зиддифасод ҳамчунин таъкид кард, ки соли гузашта дар низоми энергетикии кишвар 26 парвандаи ҷиноии марбут ба ришваситонӣ боз шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.