Аз субҳи имрӯз дар шаҳри Исфара вохӯрии намояндагони ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии масъалаи аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ ҷараён дорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, ҳайати Тоҷикистонро ёвари президент оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, вазири накиёт Хайрулло Асоев, раиси Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезия Маҳмадтоҳир Зокиров намояндагӣ карда, ҳайати Қирғизистонро коршиноси котиботи намояндаи махсуси ин кишвар оид ба масоили марзи давлатӣ Б.Абдураҳимов роҳбарӣ мекунад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар гуфтушуниди имрӯза ҳайати Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то ки ҳайати кишвари ҳамсояро ба барқарор кардани фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ миёни кишварҳо мӯътақид созад.
Ёдрас мекунем, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ дар марз Қирғизистон якҷониба фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистонро қатъ кард.



