Салимзода: Тафтиши далели марги узви ҲНИТ дар тавқифгоҳ идома дорад

– Ҳарчанд ташхиси судиву тиббӣ дар бораи ба иллати бемории дил фавтидани узви фаъоли ҲНИТ Умедҷон Тоҷиев дар тафқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд хулоса пешниҳод карда бошад ҳам, Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба санҷиш аз рӯйи ин далел идома медиҳад», – иброз дошт зимни нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода. «Марги ҳар як шахс […]

Аваз Юлдошев



– Ҳарчанд ташхиси судиву тиббӣ дар бораи ба иллати бемории дил фавтидани узви фаъоли ҲНИТ Умедҷон Тоҷиев дар тафқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд хулоса пешниҳод карда бошад ҳам, Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба санҷиш аз рӯйи ин далел идома медиҳад», – иброз дошт зимни нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода.

«Марги ҳар як шахс таассуфовар аст ва бахусус агар он дар муассисаи ислоҳӣ  рух дода бошад», – зикр кард Салимзода.

Дар идомаи ин масъала прокурори генералӣ қайд кард, ки дар ҷараёни санҷиши прокурорӣ муайян карда шудааст, ки У.Тоҷиев ахири моҳи октябри соли гузашта ба гумони узвият дар ташкилоти террористӣ ва ифротгароӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Исфара боздошт шудааст.

«Дар ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноии дар ин маврид бозгардида Тоҷиев бо мақсади фирор аз ошёнаи сеюми бинои ШВКД худро ба берун партофта, аз пояш ҷароҳат бардоштааст», – гуфт Салимзода шарҳи маъмулӣ дар ин хусусро.

Номбурда ҳамчунин гуфт, аз рӯи ин далел мақомоти прокуратура нисбати баъзе аз кормандони милисаи шаҳри Исфара тибқи моддаи 322-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Хунукназарӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтиш идома дорад.

Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2013 сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, генерал-майори милиса

Шариф Назаров

низ дар мавриди ин масъала изҳор намуда буд, ки  Умедҷон Тоҷиев ба иллати бемории дил фавтидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.