Афзоиши воридоти гандум ба Тоҷикистон дар моҳи январ

Моҳи аввали соли 2014 ба Тоҷикистон 74 ҳазору 523 тонна гандум ворид карда шуд, ки дар муқоиса бо моҳи январи соли 2013 ба миқдори 10,9 ҳазор тонна зиёдтар мебошад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Ғалла» хабар доданд, дар баробари афзоиши воридоти гандум, ҳаҷми воридоти орд ба таври қобили мулоҳиза коҳиш меёбад. Моҳи январи соли […]

Заррина Эргашева



Моҳи аввали соли 2014 ба Тоҷикистон 74 ҳазору 523 тонна гандум ворид карда шуд, ки дар муқоиса бо моҳи январи соли 2013 ба миқдори 10,9 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Ғалла» хабар доданд, дар баробари афзоиши воридоти гандум, ҳаҷми воридоти орд ба таври қобили мулоҳиза коҳиш меёбад. Моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти орд ба ҷумҳурӣ 17 ҳазору 440 тоннаро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи январи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 24 ҳазору 15 тонна баробар буд.

«Воридоти гандум хеле арзонтар буда, истеҳсоли худи орд низ фоидаовар аст. Аввалан, корхонаҳои истеҳсоли орд фаъолият доранд ва сипас боқимондаҳои коркарди гандум барои хӯроки чорво ва паранда истифода мешавад. Гузашта аз ин, чунин орд аз орди воридотии тайёр арзонтар аст», – гуфтанд дар корхона.

Дар корхона бар ин назаранд, ки баҳори соли равон маъмулан чун солҳои пешин нархи орду гандум чандон боло нахоҳад рафт, зеро соли гузашта ғаллакорони Русияву Қазоқистон (кишварҳои асосии воридкунандаи орду гандум ба Тоҷикистон) ва худи Тоҷикистон низ ҳосили хуб ба даст оварданд.

Зимнан зикр гардид, ки нархи гандуми воридотӣ то марзи Тоҷикистон устувор – 240 доллари ИМА барои 1 тонна ва орд – 320 доллари ИМА барои 1 тонна боқӣ мондааст. Дар бозори чаканаи ҷумҳурӣ нархи 1 халта орд (50 кило) 125 сомониро ташкил медиҳад.

Соли 2013 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 640 ҳазору 206 тонна гандум ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 12% камтар аст. Соли гузашта ҳаҷми воридоти орд низ аз 345,3 ҳазори соли 2012 то 232,3 ҳазор тонна дар соли 2013 коҳиш ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.