Аввали ҳафтаи равон иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо собиқадорон, мутахассисон ва роҳбарони корхонаҳои истеҳсолии соҳаи саноати хӯрокворӣ мулоқот намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Абдураҳмон Қодирӣ дар оғози мулоқот аз ҳадафҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд дар соли ҷорӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ба таври пурра истифода бурдан аз иқтидорҳои истеҳсолӣ боис мегардад, ки теъдоди зиёди шаҳрвандон бо ҷои кор таъмин гарданд.
Сипас ҳисоботи муовини Раиси вилоят Хайрулло Маҳмадуллоев шунида шуд. Х. Маҳмадуллоев зимни суханронии худ изҳор дошт, ки соли 2013 ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаи саноати хурокворӣ 327,4 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбати соли 2012 ба маблағи зиёда аз 8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.
«Дар ин давра 37,8 миллион қутти шартӣ консерва, 5022,7 тонна равғани растанӣ, 10278 ҳазор тонна намаки ошӣ, 37386,8 дал спирти этилӣ, 37,9 ҳазор дал машрубот, 47,4 ҳазор дал оби ҷав, 5,3 миллион дал нӯшокиҳои ташнашикан ва дигар намуди маҳсулотҳо истеҳсол намуданд» – таъкид дошт, Хайрулло Маҳмадуллоев.
Ҳамзамон зикр гардид, ки истеҳсол ва содироти маҳсулоти консерва сол аз сол коҳиш ёфта истодааст. Агар соли 2008 дар вилоят 19,1 миллон қуттии шартӣ ба маблағи 4,4 миллион доллари ИМА консерва содирот шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2013 ҳамагӣ 1,2 миллион қуттии шартӣ ба маблағӣ 367 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил мекунад.
Дар мулоқот ҳамчунин зикр гардид, ки вуруди техналогияҳои ҷадид ба корхонаҳои соҳаи саноати хӯроквории вилоят сол аз сол беҳтар гардида, дар ин росто воридоти технологияҳои муосири каммасраф дар самти истеҳсоли орд ва хатҳои ҷадиди технологӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти консервагӣ боиси хушнудӣ аст.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ зимни таҳлили соҳа аз ба таври пурра истифода нашудани иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои соҳаи саноати хӯрокворӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба роҳбарони корхонаҳо супориш дод, ки иқтидори мавҷудаи корхонаҳоро истифода бурда, барои таъсиси ҷойҳои корӣ талош варзанд.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин аз роҳбарони корхонаҳои истеҳсолии соҳаи саноати хурокворӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати воридоти техналогияҳои нав ва ба ин васила ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ намудани маҳсулот кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар охир изҳори умед карда шуд, ки сарварони корхонаҳои истеҳсолии соҳаи саноати хӯрокворӣ барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, саҳми худро мегузоранд.



