Ташрифи фармондеҳи Қушӯнҳои хушкигарди Артиши ИМА ба Тоҷикистон



Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Фармондеҳии марказии ИМА (ARCENT) генерал-лейтенант Ҷеймс Терри дирӯз бо мақсади муҳокимаи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масоили амният бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми сафари хеш генерал Терри бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт мулоқот намуд.  Дар рафти мулоқот онҳо масоили марбут ба ҳамкории бефосилаи ҳарбӣ байни ИМА ва ҶТ, минҷумла ҳамкории Қӯшунҳои хушкигарди Фармондеҳии марказӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд.  

Гуфта мешавад, генерал Терри ва ашхоси баландмақоми ҳарбӣ инчунин саҳми Қӯшунҳои хушкигарди Фармондеҳии марказиро дар таъмини сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ қайд намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное