Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Алҷазоир

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар сабаби суқути ҳавопаймо ва ҳалокати 77 нафар бар асари он ба президенти Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқа барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба ттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллияти сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷумла зикр мегардад, ки «бо камоли ҳузну андӯҳ хабари садамаи ҳавопаймои боркашони ҳарбиро, ки бар асари […]

ASIA-Plus



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар сабаби суқути ҳавопаймо ва ҳалокати 77 нафар бар асари он ба президенти Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқа барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба ттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллияти сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷумла зикр мегардад, ки «бо камоли ҳузну андӯҳ хабари садамаи ҳавопаймои боркашони ҳарбиро, ки бар асари он мусофирони зиёди тайёра ҳалок гаштаанд, дарёфт намудам».

«Таъзия ва тасаллияти амиқи хешро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, халқи бародари Алҷазоир ва оилаҳои қурбоншудагон иброз намуда, дуо мекунам, ки Худованд кишвари Шуморо аз ҳар гуна офатҳо эмин нигоҳ дорад», – омадааст дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки аввали ҳафтаи равон дар Алҷазоир як ҳавопаймо ба садама дучор гардида, бар асари он 77 нафар шаҳрвандони ин кишвар, ки асосан низомиёну аҳли оилаи онҳо буданд, ба ҳалокат расиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.