Нимаи дуюми имрӯз таҳти сарварии муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон намояндагони ҳайати ҳукумати Тоҷикистон оид ба масоили таъин ва аломатгузорӣ дар қитъаҳои баҳсии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба Бишкек сафар мекунанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, рӯзи 14-уми феврал дар пойтахти Қирғизистон ҷонибҳо натоиҷи фаъолияти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили низомӣ ва марзӣ ва ҳамчунин дигар масоили марбут ба аломатгузорӣ ва ташхис дар марзи давлатӣ ва истифодаи роҳҳои наздимарзиро баррасӣ хоҳанд кард.
«Бино ба тавофуқи қаблан ҳосилшуда, натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои корӣ то ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии зикршуда ифшо нахоҳанд шуд», – гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки барои амалисозии бандҳои протоколи рӯзҳои 30-31-уми январи соли 2014 дар Бишкек баимзорасида миёни ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон таҳти роҳбарии муовинони нахуствазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов се гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда буданд, ки бояд масоили дар боло зикршударо баррасӣ мекарданд ва рӯзи 5-уми феврал ин гурӯҳҳо ба фаъолият пардохта буданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон гурӯҳи масоили низомӣ ва марзиро ёвари президент оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, оид ба масоили аломатгузорӣ дар марзро раиси Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезия Маҳмадтоҳир Зокиров ва гурӯҳ оид ба истифодаи роҳҳои наздимарзиро вазири нақлиёт Хайрулло Асоев роҳбарӣ мекунанд.



