Муколамаи Тоҷикистону Швейтсария оид ба ҳуқуқи инсон

Аввали ҳафтаи равон дар шаҳри Душанбе даври панҷуми Муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни Тоҷикистон ва Швейтсария баргузор гардид. Мақсади гузаронидани муколамаи мазкур ин ҷамъбаст намудани натиҷаҳои соли гузашта аз рӯи ҳолати аз ҷониби тарафҳо иҷро намудани уҳдадориҳо оид ба ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон ташкил медиҳад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати […]

ASIA-Plus



Аввали ҳафтаи равон дар шаҳри Душанбе даври панҷуми Муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни Тоҷикистон ва Швейтсария баргузор гардид. Мақсади гузаронидани муколамаи мазкур ин ҷамъбаст намудани натиҷаҳои соли гузашта аз рӯи ҳолати аз ҷониби тарафҳо иҷро намудани уҳдадориҳо оид ба ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур Музаффар Ашӯров, сардори Шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Швейтсарияро Паул Коллер Фиристодаи махсуси Вазорати федералии корҳои хориҷии Швейтсария оид ба ҳуқуқи инсон роҳбарӣ намуд.

Ба иттили манбаъ, зимни муколамаи мазкур масъалаҳои омодагӣ ва мониторинги Шарҳи универсалии даврии (УПО) Шӯрои ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи занон ва зӯроварии хонаводагӣ, муҳоҷират, мубориза ба муқобили шиканҷа, ҳукми қатл ва ҳуқуқ ба манзил баррасӣ шуданд..

 Зимнан зикр мегардад, ки гузаронидани Муколамаи навбатӣ оид ба ҳуқуқи инсон соли 2015 дар Швейтсария ба нақша гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.