Имзои созишномаи истифодаи роҳҳои наздимарзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Рӯзҳои наздик имзои Созишнома дар бораи истифодаи роҳҳои наздимарзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар назар аст. Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асозода дар ин робита изҳор кард, ки варинати санади пешбинишуда аз ҷониби Тоҷикистон омода гардида, рӯзи 14-уми феврал ба баррасии ҷонибҳо пешниҳод карда мешавад. «Пагоҳ ҷиҳати баррасӣ ва имзои ин созишнома мо […]

Пайрав Чоршанбиев



Рӯзҳои наздик имзои Созишнома дар бораи истифодаи роҳҳои наздимарзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар назар аст.

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асозода дар ин робита изҳор кард, ки варинати санади пешбинишуда аз ҷониби Тоҷикистон омода гардида, рӯзи 14-уми феврал ба баррасии ҷонибҳо пешниҳод карда мешавад. «Пагоҳ ҷиҳати баррасӣ ва имзои ин созишнома мо ба Бишкек меравем», – гуфт вазир.

Хайрулло Асозода зикр кард, ки Қирғизистон якҷониба марз бо Тоҷикистонро баст. «Мо роҳро набастаем ва ба гузаронидани бору колое, ки аз ҷониби Қирғизистон меоянд, иҷозат медиҳем, вале ба убури автомашинаҳо аз ҷониби мо иҷозат дода намешавад. Фикр мекунам, ки бародарони қирғиз аз ин кори кардаашон аллакай пушаймонанд», – мегӯяд Асозода.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ бар ин назар аст, ки аз баста шудани марз аҳолии ҳарду кишвар ва дар навбати аввал шаҳрвандони Қирғизистон зарар мебинанд. «Ба ҳаҷми ҳамлу нақли бор бастани марз таъсире нарасонид, зеро мо роҳҳио алтернативии сершуморе дорем, ки аз он истифода мекунем», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки санаи 11-уми январ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона рух дода, пас аз он Қирғизистон якҷониба марзҳояш бо Тоҷикистонро баст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.