Гурҷистон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хориҷ мешавад

Date:


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Михаил Саакашвили, раиси ҷумҳури Гурҷистон дар гирдиҳамоии чандҳазорнафарӣ дар Тифлис, пойтахти Гурҷистон гуфтааст, кишвараш аз иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ хориҷ мешавад.






Оқои Саакашвили гуфт вай ин тасмимро ҳамроҳ бо раиси парлумони Гурҷистон иттихоз кардааст. Вай аз Украина ва кишварҳои дигари узви ин ин созмон хостааст, ки низ даст ба иқдоми мушобеҳ бизананд. Раиси ҷумҳури Гурҷистон афзудааст, ин созмонро Русия идора мекунад ва ба ҳарфи дигарон гӯш намедиҳад.



Раиси ҷумҳури Гурҷистон манотиқи ҷудоиталаби Абхазия ва Осетияи Ҷанубиро манотиқи ишғолӣ ва артиши Русияро ишғолгар тавсиф кардааст.



Дар ҳоле ки Гурҷистон эълом карда, ки бахши умдаи хоки ин кишвар дар ишғоли нерӯҳои Русия аст, Русия аз хотимаи амалиёти низомӣ дар ин кишвар хабар додааст.

 




Рузи сешанбе, 22 август, дар холе ки манобеъи артиши Гурчистон эхтимоли хамлаи артиши Русия ба Тифлис, пойтахтро матрах мекарданд, ба накл аз сухангуйи Дмитрий Медведев, раиси чумхури Русия, гузориш шуд, ки вай дастури таваккуфи амалиёти низоми дар Гурчистонро содир кардааст


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...