Муовини вазири корҳои хориҷии Эрон дар ҳузури Э.Раҳмон



Шоми рӯзи 14-уми феврал Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раҳимпурро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи гуногунҷанба ва ҳамкории судбахши ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои рушду густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки ду кишвар дар бахшҳои гуногун зоҳир гардид.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва дигар масоили минтақавию байналмилалӣ сурат гирифт.

spot_imgspot_img

Популярное