Нашри мақолае зери номи «Зулми идораи САҲШ ба мардум» дар бораи фаъолияти ин идора дар шаҳри Кӯлоб, ки дар шумораи №7-и ҳафтавори мустақили «Пайк» санаи 12-уми феврали соли равон ба чоп расид, ба ташвишу нигаронии сардабир ва муассиси ҳафтавор Аҳмади Иброҳии боис шуд.
Субҳи дирӯз, 14-уми феврал як шахси номаълум (рақами телофнаш маълум аст) ба рақамҳои дар нашрия зикршуда занг зада, ба Аҳмади Иброҳим таҳдид кардааст, ки ӯро то ҳафтаи оянда мекушад. Ғайр аз ин, шахси зангзада ҳамчунин таҳдид кардааст, ки хешовандону наздикони журналистро низ тинҷу ором нахоҳад гузошт.
Журналист Аҳмади Иброҳим ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ӯ бо ариза дар бораи ин ҳодиса ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳр муроҷиат кардааст.



