Таҷлили солгарди хурӯҷи Артиши Шӯравӣ аз Афғонистон дар Қумсангир

Имрӯз, 15-уми феврал ба хурӯҷи нерӯҳои низомии Артиши Шӯравӣ аз Афғонистон 15 сол пур мешавад. Дар шаҳраки Дӯстии ноҳияи Қумсангир ба ин муносиат вохӯрии собиқ ҷанговарони интернатсоналист доир гардид. Дар вохӯрӣ собиқадорон аз Русияву Тоҷикистон ва Қазоқистон ширкат варзиданд. Ин чорабинӣ бо ташаббуси роҳбари Иттифоқи ҷанговарони интернатсионалисти ноҳияи Қумсангир А.Моисеев доир гардида, дар он раиси […]

Андрей Непеин



Имрӯз, 15-уми феврал ба хурӯҷи нерӯҳои низомии Артиши Шӯравӣ аз Афғонистон 15 сол пур мешавад.

Дар шаҳраки Дӯстии ноҳияи Қумсангир ба ин муносиат вохӯрии собиқ ҷанговарони интернатсоналист доир гардид. Дар вохӯрӣ собиқадорон аз Русияву Тоҷикистон ва Қазоқистон ширкат варзиданд.

Ин чорабинӣ бо ташаббуси роҳбари Иттифоқи ҷанговарони интернатсионалисти ноҳияи Қумсангир А.Моисеев доир гардида, дар он раиси ноҳия, сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Қумсангир ва муовини раиси комиссариати ҳарбии ноҳия низ ҳузур доштанд. Ба вохӯрӣ ҳамчунин намояндагони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ даъват шуда буданд.

Собиқадорону меҳмонон ба пояи муҷассамаи ёдгории Муҳофизони Ватан гулҳо гузошта, дар кӯчаи марказии шаҳрак гузашти ифтихории марзбонон ва толибилмони тоҷик баргузор шуд. Сипас ҷамъомадаи ботантана доир гардида, меҳмонон собиқадоронро бо ҷашн табрик гуфтанд ва ба онҳо медалҳои ҷашниву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Чорабинӣ бо консерти идонаи толибилмони тоҷик ва дастаи ҳунарии «Южный форпост»-и Русия анҷом пазируфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.