ВКД: Ҷилавгирӣ аз се ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир

Шабонарӯзи гузашта кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз се ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҷилавгирӣ намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, аз ҷониби кормандони милитсия дар вилояти Суғд зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини шаҳри Хуҷанд Абдуманон Исмоилови 43-сола дастгир карда шуда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ ба миқдори 1 килою 458 грамм маводи […]



Шабонарӯзи гузашта кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз се ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҷилавгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, аз ҷониби кормандони милитсия дар вилояти Суғд зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини шаҳри Хуҷанд Абдуманон Исмоилови 43-сола дастгир карда шуда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ ба миқдори 1 килою 458 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» ва 6,5 грамм маводи сахттаъсири «героин» дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин, зимни як амалиёти дигари фаврӣ Ҷаҳонгир Розиқови 26-сола, сокини ноҳия Ҷаббор Расулов бо 242 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, зимни боздошти шаҳрванди 22-солаи Афғонистон Хайриддин валади Шералихон  дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ, аз ӯ ба миқдори 550 грамм маводи нашъадори «афюн» ва 3,5 грамм маводи сахттаъсири «героин» дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи далелҳои дар боло зикршуда парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.